Панҷ рукни Ислом

Ислом бар панҷ рукн бино шудааст: шаҳодат додан, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад ﷺ фиристодаи Ӯст, барпо доштани намоз, додани закот, рӯза доштани моҳи Рамазон ва ҳаҷҷи Хонаи Худо барои касе, ки тавоноӣ дорад. Ин рукнҳо сохтори амалие ҳастанд, ки мусалмонро бо Парвардигораш пайваста, зиндагии ӯро танзим мекунанд.

Панҷ рукни Ислом қоидаҳои асосие мебошанд, ки бинои дин бар онҳо устувор аст. Онҳо на танҳо расму оинҳои ҷудогона, балки асли ибодате ҳастанд, ки ақидаи тавҳидро дар зиндагии мӯъмин ба як воқеияти эҳсосшаванда табдил медиҳанд. Ин рукнҳо чароғи роҳнамое ҳастанд, ки мусалмонро ҳидоят мекунанд ва пойбандӣ ба онҳо идомаи табиии имони ӯ ба он аст, ки Аллоҳ Холиқу Молик ва Парвардигорест, ки танҳо Ӯ сазовори ибодат мебошад.

Ҷойгоҳи ин рукнҳо дар дин монанди ҷойгоҳи ҷон дар бадан аст, зеро онҳо ба амал маъно мебахшанд. Намоз, рӯза ва дигар рукнҳо танҳо дар сурате пазируфта мешаванд, ки бо нияти холис барои Аллоҳ анҷом ёфта, бо пайравӣ аз суннати Паёмбар Муҳаммад ﷺ ҳамроҳ бошанд. Аз ин рӯ, мӯъмине, ки бандагии худро дар баробари Аллоҳ эътироф мекунад, дар иҷрои ин рукнҳо далели равшани муҳаббат, тарс ва итоати комили худро нисбат ба Ӯ меёбад.

Ислом байни имони қалб ва амали бадан ҷудоӣ намегузорад. Панҷ рукни Ислом самараи амалие мебошанд, ки осори имонро дар рафтори мусалмон зоҳир мекунанд. Ҳар як рукни он, монанди намозе, ки дар он инсон бо фурӯтанӣ меистад, бузургдошти бепоёни Аллоҳро инъикос мекунад ва ба инсон ҳамеша ёдовар мешавад, ки тамоми мавҷудоти олам тасбеҳи Ӯро мегӯянд. Ин ҳолат мӯъминро дар ҳолати доимии худогоҳӣ ва зикри Худо қарор медиҳад.

يقوم الإسلام على خمسة أركان: الشهادتان، وإقامة الصلاة، وإيتاء الزكاة، وصوم رمضان، وحج البيت لمن استطاع. هذه الأركان هي الهيكل العملي الذي يربط المسلم بربه ويُنظّم حياته.

تُمثل أركان الإسلام الخمسة القواعد الأساسية التي يقوم عليها صرح الدين، وهي ليست مجرد طقوس وشعائر منفصلة، بل هي جسد العبادة الذي يترجم عقيدة التوحيد إلى واقع ملموس في حياة المؤمن. إنها المنار الذي يوجه المسلم، والالتزام بها يعد امتداداً طبيعياً لإيمانه بأن الله هو الخالق والمالك والرب المستحق وحده للعبادة.

موقع هذه الأركان من الدين كموقع الروح من الجسد؛ فهي تمنح العمل معناه، إذ لا تُقبل الصلاة ولا الصيام ولا بقية الأركان إلا إذا كانت مدفوعة بإخلاص النية لله، ومتبوعة باتباع نهج النبي محمد ﷺ. فالمؤمن الذي يعترف بعبودية الله، يجد في أداء هذه الأركان دليلاً صادقاً على محبته لله وخشيتة منه وطاعته المطلقة له.

إن الإسلام لا يفصل بين إيمان القلب وعمل الجوارح؛ فالأركان الخمسة هي الثمرة العملية التي تظهر بها آثار الإيمان على سلوك المسلم. وكل ركن منها، كالصلاة التي يخشع فيها، يعكس تعظيمه المطلق لله، ويذكر المرء دائماً بأن كل شيء في هذا الكون يسبح لله، مما يجعل المؤمن يعيش في حالة دائمة من المراقبة والذكر.