Имон ба Аллоҳ
Имон ба Аллоҳ фақат як ақидаи назариявӣ ё як бозии фикрӣ нест, балки он фитратест (сиришти зотӣ), ки дар умқи вуҷуди ҳар як инсон ҷойгир аст. Нафси инсон, ҳарчанд ки шахс кӯшиш кунад онро бо хоҳишоти нафсонӣ бипӯшонад ё бо машғул шудан ба чизҳои моддӣ пардапӯш созад, дар ҳангоми сахтиҳо ва хатарҳо боз ба сӯи Офаридгори худ бармегардад ва ба Ӯ паноҳ мебарад. Зеро бо ақли ботинии худ дарк мекунад, ки ин коинот Парвардигори Қодире дорад ва вуҷуди ӯ наметавонад як тасодуфи холӣ ва бидуни Офаридгор бошад.
Ақл ба мо меомӯзонад, ки ҳар чизе дар ин коинот ба офаринанда ниёз дорад. Тафаккур дар бораи бузургии офариниши инсон аз як қатра нутфа то инсони комил, низоми дақиқе, ки коинот бар асоси он ҳаракат мекунад, ва робитаҳои байни ашё – ҳамаи инҳо ба таври қатъӣ собит мекунанд, ки дар паси ин ҳастӣ Худои Донову Ҳакиме вуҷуд дорад. Ақли солим аз тасаввур кардани он ки модда худашро офаридааст ё тасодуф ин низоми аҷибро ба вуҷуд овардааст, оҷиз мемонад.
Шинохти Аллоҳ аз тариқи тааммул дар оятҳои коинотӣ (нишонаҳои олам) ва оятҳои Қуръон, ки ҳам ба фитрат ва ҳам ба ақл хитоб мекунанд, ба даст меояд. Пас, вақте мусулмон дарк мекунад, ки Аллоҳ Офаридгор ва Молики ин коинот аст, Ӯро дар ибодат ягона мешуморад, дар парастиш касеро ба Ӯ шарик намеорад ва фоидаву зарарро танҳо аз Ӯ мехоҳад. Дар ин кор ӯ аз роҳи паёмбарон (алайҳимуссалом), ки дилҳову аъмолашонро танҳо барои Аллоҳ холис карда буданд, пайравӣ мекунад.
Имони содиқ дар амал ва рафтори мӯъмин зоҳир мешавад. Он танҳо ба эътиқоди қалбӣ маҳдуд намешавад, балки дар итоат ва иҷрои фармонҳои Аллоҳ таҷаллӣ меёбад. Муҳаббат ва тарси Аллоҳ рӯҳи ибодатест, ки зиндагии мӯъминро ба як силсилаи пайвастаи корҳои нек табдил медиҳад. Ҳамин тавр, кори оддии ҳаррӯза бо нияти содиқона ва ихлос ба ибодате табдил меёбад, ки мӯъмин бо он ризои Парвардигорашро меҷӯяд ва дар ин кор аз он чизе, ки паёмбар Муҳаммад ﷺ овардааст, пайравӣ мекунад.
الإيمان بالله ليس مجرد فكرة نظرية أو ترفاً عقلياً، بل هو فطرة راسخة في أعماق كل إنسان. إن النفس البشرية، مهما حاول المرء حجبها بالشهوات أو غطّاها بالانشغال بالماديات، تعود عند الشدائد والأخطار لتنادي خالقها وتلجأ إليه، مدركةً بعقلها الباطن أن لهذا الكون رباً قديراً، وأن وجودها لا يمكن أن يكون مصادفة محضة بلا صانع.
يعلمنا العقل أن كل شيء في هذا الكون المحدود يحتاج إلى مُوجد، فالتفكر في عظمة خلق الإنسان من نطفة إلى إنسان متكامل، والنظام الدقيق الذي يسير عليه الكون، والروابط بين الأشياء؛ كل ذلك يقطع بأن وراء هذا الوجود إلهاً عليماً حكيماً. إن العقل السليم يقف عاجزاً عن تصور أن المادة خلقت نفسها أو أن المصادفة أوجدت هذا النظام البديع.
إن معرفة الله تأتي من خلال التأمل في آياته الكونية والقرآنية التي تخاطب الفطرة والعقل معاً. فعندما يدرك المسلم أن الله هو الخالق والمالك لهذا الكون، فإنه يوحده في ألوهيته، لا يشرك معه أحداً في عبادته، ولا يطلب النفع أو دفع الضر إلا منه، متأسياً في ذلك بمسيرة الأنبياء عليهم السلام الذين وجهوا قلوبهم وأعمالهم لله وحده.
يظهر الإيمان الصادق في عمل المؤمن وسلوكه، فهو لا يقتصر على العقيدة القلبية، بل يتجلى في الطاعة والامتثال لأوامر الله. إن حب الله وخوفه هما روح العبادة التي تحول حياة المؤمن إلى سلسلة متصلة من الأعمال النافعة، حيث يتحول العمل اليومي العادي بصدق النية والإخلاص إلى عبادة يبتغي بها المؤمن وجه ربه، متبعاً في ذلك ما جاء به النبي محمد ﷺ.