Имон ба Рӯзи охират

Мусалмон имон дорад, ки марг интиҳои ҳастӣ нест, балки гузариш аз сарои амал ба сӯи ҳаёти ҷовидонист, ки оғози воқеии ҳар як инсон маҳсуб мешавад. Дар ҳоле ки ғофилон маргро поён мебинанд, мӯъмин дарк мекунад, ки ин бедорӣ аз ғафлати дунёст, то зиндагии барзах оғоз шавад, ки пеш аз неъматҳои абадӣ ё азоби дарднок меояд. Ин эҳсос мӯъминро водор месозад, ки ҳамеша бо тавбаву истиғфор ва баргардонидани ҳаққи соҳибонашон барои мулоқот бо Аллоҳ омода бошад.

Ёдоварӣ аз Рӯзи охират як рукни асосиест, ки зиндагии мӯъминро танзим мекунад. Ӯ ҷанозаҳо ва қабрҳоро дида, ба ёд меорад, ки сарнавишти ӯ низ ҳамин аст, аммо бетоқатӣ намекунад, балки пеш аз он ки дер шавад, худро ба ҳисобу китоб мекашад. Мӯъмини содиқ дар ёди охират барои сабр дар тоъату ибодат мадад меёбад ва ин ёдоварӣ як боздорандаи қавиест, ки ӯро аз содир кардани гуноҳон манъ мекунад, зеро ба ризои Аллоҳ умед дорад ва аз азоби Ӯ дар рӯзе, ки дилҳову дидаҳо зеру забар мешаванд, метарсад.

Ҳангоми барпо шудани Қиёмат ва аз қабрҳо барангехта шудани мардум, ҳар кас дар ҳамон ҳоле, ки ҷон додааст, зинда карда мешавад ва ҳама барои ҷамъ шудан (ҳашр) ба сӯи додгоҳи адли илоҳӣ бурда мешаванд. Дар он рӯзи сахт, ҳар инсон номаи аъмоли худро, ки дар он корҳояш бо дақиқии том сабт шудаанд, мехонад. Дар он ҷо на мақом ва на мол фоидае намебахшад, балки танҳо касе наҷот меёбад, ки амали солеҳ дошта бошад ва касе, ки аз ҳавои нафсаш пайравӣ карда, аз Парвардигораш нофармонӣ кардааст, хору залил мегардад. Пас, ҳар кас мувофиқи имон ва амалаш ҷазои худро хоҳад гирифт.

Мақом ва мартабаи мӯъминон дар ҷаннат вобаста ба ихлос ва ҷидду ҷаҳдашон гуногун аст. Ҷаннат сароест, ки Аллоҳ онро барои парҳезгороне омода кардааст, ки дар дунё бар ҳақ сабр намудаанд. Аммо инкоркунандагони саркаш ҷазои пофишории худро дар куфр хоҳанд дид ва дар Рӯзи қиёмат бузургии зиёни худро дарк хоҳанд кард, замоне ки пушаймонӣ суде надорад. Аз ин рӯ, мӯъмин саъй мекунад, то аз ҷумлаи асҳоби ямин (аҳли дасти рост) бошад, ки ба раҳмат ва бахшиши Аллоҳ умедворанд ва аз ҳар чизе, ки боиси хашму азоби Ӯ мегардад, дурӣ меҷӯяд.

يؤمن المسلم بأن الموت ليس نهاية الوجود، بل هو انتقال من دار العمل إلى حياة أبدية هي البداية الحقيقية لكل إنسان. فبينما يرى الغافلون الموت غايةً، يدرك المؤمن أنه يقظة من غفلة الدنيا، لتبدأ حياة البرزخ التي تسبق النعيم المقيم أو العذاب الأليم، مما يجعل المؤمن دائم الاستعداد للقاء الله بالتوبة والاستغفار ورد الحقوق لأهلها.

إن استحضار اليوم الآخر يُعدُّ ركناً أصيلاً يضبط حياة المؤمن؛ فهو يرى الجنائز والقبور فيتذكر أنها مصيره، لكنه لا يجزع بل يحاسب نفسه قبل فوات الأوان. فالمؤمن الصادق يجد في استذكار الآخرة عوناً على الصبر على الطاعات، ووازعاً قوياً يمنعه من ارتكاب المعاصي، طمعاً في رضا الله وخوفاً من عقابه يوم تتقلب فيه القلوب والأبصار.

عند قيام الساعة وبعث الناس من قبورهم، يُبعث كل امرئ على الحالة التي مات عليها، فيساق الجميع للحشر ليقفوا أمام محكمة العدل الإلهي. في ذلك اليوم العصيب، يقرأ كل إنسان كتابه الذي سُجلت فيه أعماله بدقة متناهية، ولا يغني فيه جاه ولا مال، بل ينجو من كان عمله صالحاً، ويذلُّ من اتبع هواه وعصى ربه، فلكل جزاؤه بحسب إيمانه وعمله.

تتفاوت منازل المؤمنين في الجنة بحسب إخلاصهم وجهادهم، وهي دار أعدها الله للمتقين الذين صبروا في الدنيا على الحق. أما المنكرون المعاندون فيلقون جزاء إصرارهم على الكفر، حيث يدركون يوم القيامة عظم الخسارة حين لا ينفع الندم. لذا، يسعى المؤمن ليكون من أصحاب اليمين الذين يرجون رحمة الله وعفوه، ويجتنب كل ما يؤدي إلى سخطه وعذابه.