Закот

Закот рукни сеюми ислом буда, маънои он пардохт кардани миқдори муайяни мол ба мустаҳиққон, яъне фақирону мӯҳтоҷон аст. Ин як фаризаест, ки молу сарватро пок гардонида, нафсро аз бахилӣ тоза мекунад ва дар миёни мусалмонон ҳамбастагиву бародариро бунёд месозад.

Закот дар ислом на танҳо як андози молӣ, балки ибодатест, ки бандаро ба Парвардигораш наздик месозад ва нишонаест, ки содиқ будани имонро дар амал нишон медиҳад. Мӯъмине, ки ба фазлу марҳамати Аллоҳ эътироф мекунад, дарк менамояд, ки моли ӯ амонатест, ки Аллоҳ дар ихтиёраш гузоштааст. Аз ин рӯ, додани як қисми ин мол боиси кам шудани он нест, балки роҳи пок сохтани нафс аз тамаъкорӣ, ифодаи амалии шукри неъмат ва далели дӯст доштани Офаридгор бештар аз муҳаббат ба моддиёт аст.

Закот як рукни муҳимми иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки ҳадафи он мустаҳкам кардани ҷомеаи исломӣ аст. Он миёни сарватмандону фақирон пулҳои меҳрубониро бунёд карда, эҳсоси бародариву ҳамбастагиро парвариш медиҳад. Ба воситаи он мӯҳтоҷон ниёзҳои худро бароварда месозанд ва сарватмандон ёд мегиранд, ки чӣ гуна худхоҳиро паси сар кунанд. Дар натиҷа, кина аз байн рафта, муҳаббат паҳн мешавад ва муносибатҳои иҷтимоӣ аз ҳолати сирф моддӣ ба муносибатҳои олии инсонӣ, ки бар пояи раҳмати Аллоҳ ва шариати Ӯ бино ёфтаанд ва манфиатҳои ҳамаи бандагонашро ба назар мегиранд, табдил меёбанд.

Додани закот аз ҷониби мӯъмин далели итоат ба фармони Аллоҳ ва боварӣ доштан ба ваъдаи Ӯ дар бораи иваз додан ва афзун намудан аст. Чуноне ки имони содиқ дар намоз бо фурӯтанӣ зоҳир мешавад, дар закот бо саховатмандӣ намоён мегардад. Бо ин мафҳум, закот ба мӯъмин мувозинати равонӣ мебахшад, зеро ӯро аз банди тамаъкорӣ озод мекунад, дилашро на ба мол, балки ба Аллоҳ вобаста месозад ва ба ӯ яқин мебахшад, ки баракат дар он чизест, ки дар роҳи Ӯ сарф мекунад ва ризқу рӯзии ҳақиқӣ ҳамон чизест, ки барои охираташ захира менамояд.

الزكاة هي الركن الثالث، وتعني أداء نسبة محددة من المال إلى مستحقيها من الفقراء والمحتاجين. هي فريضة تُطهِّر المال، وتُزكّي النفس من البخل، وتبني التكافل والأخوة بين المسلمين.

الزكاة في الإسلام ليست مجرد ضريبة مالية تُؤدى، بل هي عبادة تقرب العبد من ربه، وشعيرة تجسد صدق الإيمان بالعمل. فالمؤمن الذي يعترف بفضل الله عليه يدرك أن ماله أمانة استخلفه الله فيها، لذا فإن إخراج جزء من هذا المال ليس نقصاً فيه، بل هو تطهير للنفس من الشح، وتعبير عملي عن شكر النعمة، وبرهان على محبة الخالق فوق محبة المادة.

تُعد الزكاة ركناً اجتماعياً أصيلاً يهدف إلى تماسك المجتمع الإسلامي؛ فهي تبني جسوراً من التراحم بين الغني والفقير، وتغرس مشاعر الأخوة والتكافل. من خلالها يجد المحروم سداً لحاجته، ويتعلم الميسور كيف يتجاوز أنانيته، فيختفي الحقد وتنتشر المودة، وتتحول العلاقات الاجتماعية من مادية بحتة إلى علاقات إنسانية سامية قائمة على رحمة الله وشريعته التي تراعي مصالح جميع عباده.

إن التزام المؤمن بأداء الزكاة هو دليل على استجابته لأمر الله وثقته بوعده بالخلف والزيادة. فكما أن الإيمان الصادق يظهر في الصلاة خاشعاً، يظهر في الزكاة معطاءً. وهي بهذا المفهوم تمنح المؤمن توازناً نفسياً؛ إذ تحرره من عبودية الطمع، وتجعل قلبه معلقاً بالله لا بالمال، موقناً أن البركة فيما ينفقه في سبيله، وأن الرزق الحقيقي هو ما يدخره لآخرته.